Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2017 маҳрум шуд

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар дувумин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “В” аз тими Тайван бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар бозии дигари даври дувуми мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” 29-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мунтахаби Узбакистон дастаи Ҳонконгро бо […]

Радиои Озодӣ

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар дувумин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “В” аз тими Тайван бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар бозии дигари даври дувуми мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” 29-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мунтахаби Узбакистон дастаи Ҳонконгро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Ду тӯбро Шаҳноза Қурбонова (дақиқаҳои 78-ум ва 79-ум) ва яктоашро Фирӯза Бобохӯҷаева (53) ба дарвозаи мунтахаби Ҳонконг ворид намуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар нахустин бозиаш дар ин мусобиқа тими мунтахаби духтарони то 19-солаи Тоҷикистон аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, баъди даври дувум дар ҷадвали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” дастаҳои Тайван ва Узбакистон бо 6-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тайван дар мақоми аввал ва Узбакистон дар мақоми дувум қарор доранд. Дар бозии даври ниҳоӣ миёни ин ду даста, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд, тақдири роҳхати ягона ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола ҳал мешавад.

Вале дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳонконг, ки имтиёз ба даст наовардаанд, сарфи назар аз натиҷаи бозии охирин миёни ҳарду аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.