Даъвати СММ ба таъмини кафолати ҳуқуқи журналистон ба баёни ҳақиқат

Дар Рӯзи байнулмилалии мубориза бо беҷазоӣ барои ҷиноят алайҳи журналистон, ки ҳамасола санаи 2 ноябр ҷашн гирифта мешавад, Дабири кулли СММ Пан Ги Мун даъват кард, ки ба хотири ёдбуди намояндагони ВАО, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок шудаанд, арҷ гузошта шавад. «Тайи даҳсолаи ахир беш аз 700 нафар рӯзноманигрон ҳалок шуданд: ба истилоҳи дигар, […]

Asia-Plus

Дар Рӯзи байнулмилалии мубориза бо беҷазоӣ барои ҷиноят алайҳи журналистон, ки ҳамасола санаи 2 ноябр ҷашн гирифта мешавад, Дабири кулли СММ Пан Ги Мун даъват кард, ки ба хотири ёдбуди намояндагони ВАО, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок шудаанд, арҷ гузошта шавад.

«Тайи даҳсолаи ахир беш аз 700 нафар рӯзноманигрон ҳалок шуданд: ба истилоҳи дигар, ҳар панҷ рӯз як журналист танҳо барои ба ҷомеа расонидани хабарҳои охир ҳалок шудааст», – гуфтааст ӯ.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, Пан Ги Мун қайд кардааст, ки аксари журналистон дар низоъҳое ҳалок мешаванд, ки бе тарсу ҳарос онро инъикос мекунанд ва дар баробари ин, дар замони осоишта низ бо истифода аз зӯроварӣ онҳоро ба хомӯш будан маҷбур месозанд.

Дабири кулли СММ изҳор намудааст, ки ҳамагӣ 7%-и чунин ҷиноятҳо ошкор шуда, беҷазоӣ миёни журналистон тарсу ҳарос меафканад ва ба ҳукуматдорон барои истифодаи бемамониати сензура имкон медиҳад.

«Барои муқовимат бо ин тамоил мо бояд бештар талош варзида, озодии фаъолияти васоити ахбори умумро кафолат диҳем. Ба маҷбур кардани журналистон ба худсензура бо хавотирӣ аз ҳаёти худ набояд роҳ дод», – таъкид доштааст Дабири кулли СММ.

Пан Ги Мун даъват кардааст, ки ба беҷазоӣ нисбати ҷиноятҳо алайҳи журналистон хотима дода шуда, ба рӯзноманигорон барои баёни ҳақиқат ба ҳукуматдорон кафолат дода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.