Таҳияи лоиҳаи созишномаи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Зимни суханронии имрӯза аз минбари парлумон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода иттилоъ дод, ки лоиҳаи созишномаи роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳия шуда, дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад. Ёдрас мекунем, ки масъалаи барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки соли 1992 қатъ гардида буд, чандин маротиба солҳои пеш низ ба миён гузошта […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни суханронии имрӯза аз минбари парлумон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода иттилоъ дод, ки лоиҳаи созишномаи роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳия шуда, дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки масъалаи барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки соли 1992 қатъ гардида буд, чандин маротиба солҳои пеш низ ба миён гузошта шуда, аммо то ҳол аз они натиҷае ҳосил нашудааст.

Ба қавли вазир, айни замон Тоҷикистон бо 22 кишвари саросари ҷаҳон, аз ҷумла 7 кишвари узви ИДМ, 4 давлати Аврупо ва 11 кишвари Осиё дар бораи хатсайри мустақими ҳавоӣ созишнома дорад.

Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумон ба ҷонибдории тасдиқи роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Пекин якдилона овоз доданд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров аз вазири нақлиёт дар бораи сатҳи пасти хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳҳо ва гаронии билетҳои ҳавопаймоӣ савол кард. Шералӣ Ганҷалзода изҳор дошт, ки ин масъалаҳо дақиқан мавриди омӯзиш қарор дошта, ояндаи наздик нисбати онҳо чораҷӯӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.