Пешгӯии обуҳавои номусоид дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 3-4 ноябр дар Тоҷикистон якбора поинравии ҳарорат, боришоти шадид ва шамоли сахт дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ рӯзи ҷумъа фаромадани миқдори зиёди чангу ғубор пешбинӣ мешавад. Бино ба маълумоти Кумита, дар як қатор минтақаҳо боришоти шадиди борон ва шамоли сахт дар […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 3-4 ноябр дар Тоҷикистон якбора поинравии ҳарорат, боришоти шадид ва шамоли сахт дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ рӯзи ҷумъа фаромадани миқдори зиёди чангу ғубор пешбинӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Кумита, дар як қатор минтақаҳо боришоти шадиди борон ва шамоли сахт дар назар буда, рӯзона ҳарорат 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар мавзеъҳои доманакӯҳ боришоти шадид пешбинӣ шуда, дар ин робита Кумита шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки боэҳтиёту ҳушёр бошанд.

Чунин обуҳавои номусоид ба рафти корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво дар чарогоҳҳо, ҳаракати нақлиёт ва фаъолияти корхонаҳои алоқа, бахши энергетика ва хадамоти коммуналӣ мушкил эҷод карда метавонад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон то моҳи сентябр дар Тоҷикистон 45 ҳодисаи офати табиӣ рух дода, бар асари он 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Соли гузашта дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар маҷмӯъ 38 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон фавтида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.