Таъсиси пойгоҳи ягонаи рақамҳои идентификатсионӣ дар Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро маъқул шуморид, ки дар он чунин навгониҳо пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Адолат Абдураҳмонзода, ин тадбир баҳри таъмини амният дар кишвар, ҳамчунин қатъи кори телефонҳои мобилии дуздидашуда равона гардидааст. «Минбаъд ба ҷумҳурӣ ворид кардан, паҳнукунӣ ва […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро маъқул шуморид, ки дар он чунин навгониҳо пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Адолат Абдураҳмонзода, ин тадбир баҳри таъмини амният дар кишвар, ҳамчунин қатъи кори телефонҳои мобилии дуздидашуда равона гардидааст.

«Минбаъд ба ҷумҳурӣ ворид кардан, паҳнукунӣ ва истифодаи таҷҳизоте, ки барои тағйири рақамҳои шиносоии телефонҳои мобилӣ ба кор бурда мешавад, манъ мегардад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки мутобиқи ин тағйиру иловаҳо, ҳамчунин барои ба ҷумҳурӣ ворид кардани телефонҳои мобилӣ бидуни рақамҳои шиносоӣ низ иҷоза дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли равон бо мақсади таъмини амният ба маъракаи дубора бақайдгирии SIM-кортҳои қаблан фурӯхташуда оғоз карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.