Заминларзаи шадид ва сунами дар Ҷопон

Дар минтақаи шарқи Ҷопон заминларзаи иқтидори 7,3 балл рух дода, ба сунамии баландиаш 1,4 метр боис гардид. The Telegraph дар ин робита менависад, мавҷҳои сунамӣ бо чунин баландӣ дар мавзеи назди бандари Сэндай, соҳили префектураи Мияги ба қайд гирифта шудааст. Нашрияи «Коммерсант» иттилоъ медиҳад, ки агентии обуҳавошиносии Ҷопон иқтидори ин заминларзаро 7,4 балл арзёбӣ кардааст. […]

Asia-Plus

Дар минтақаи шарқи Ҷопон заминларзаи иқтидори 7,3 балл рух дода, ба сунамии баландиаш 1,4 метр боис гардид.

The Telegraph дар ин робита менависад, мавҷҳои сунамӣ бо чунин баландӣ дар мавзеи назди бандари Сэндай, соҳили префектураи Мияги ба қайд гирифта шудааст.

Нашрияи «Коммерсант» иттилоъ медиҳад, ки агентии обуҳавошиносии Ҷопон иқтидори ин заминларзаро 7,4 балл арзёбӣ кардааст.

Бино ба маълумоти ширатҳои оператории ин кишвар, аз ин заминларза нерӯгоҳҳои ҳастаӣ (атомӣ) осеб надида, танҳо дар нерӯгоҳи «Фукусима-2» кори низоми сардкунии сӯзишвории коркардшуда муваққатан боздошта шудааст.

Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки баҳри то ҳадди ақал поин бурдани оқибатҳои манфии ин офати табиӣ тамоми чораҳои заруриро рӯйи кор гиранд.

Ба иттилои РБК, ин аввалин заминларзаи шадид дар Ҷопон баъди моҳи сенябр аст, ки он замон дар ҷазираҳои Хоккайдо ва Окинава дар як вақт ду заминларзаи иқтидорашон аз 5,2 то 6,0 балл рух дода буд.

То ин вақт як силсила заминларзаҳо дар моҳи апрел рух дода буданд, ки шадидтарин аз соли 2011 шуморида мешуданд. Он замон бар асари заминларза 16 ҳазор нафар ҳалок ва дар нерӯгоҳи ҳастаии «Фукусима-1» садама рух дода буд. Иқтидори заминларзахои моҳи апрел аз 6,5 то 7,3 арзёбӣ шуда, дар натиҷаи он беш аз 1 ҳазор нафар осеб дида буданд.

Тариқи тамоми қаламрави ҷазираҳои Ҷопон ҳалқаи вулкании дарозиаш 40 ҳазор километр мегузарад. То 90%-и тамоми ҳодисаҳои заминларза дар кураи Замин маҳз дар ҳамин минтақа рух  медиханд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.