Бишкеку Душанбе сулҳу субот дар марзро дастоварди асосӣ медонанд

Date:

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкориҳои дуҷониба муовини нахуствазири Қирғизистон Жениш Раззоқов изҳор намудааст, ки дастоварди асосии сиёсии ҷонибҳо таъмини сулҳу субот дар марзи давлатии кишварҳо аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар ҷаласа зикр гардидааст, ки соли 2015 ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ба 79 млн. доллари ИМА расида, тӯли 7 моҳи соли равон 13 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% камтар аст. «Ба ин сабабҳои объективӣ вуҷуд доранд, аз ҷумла буҳрони умумиҷаҳонӣ», – гуфтааст Раззоқов.

«Ин нишондиҳандаҳо моро ба густариши бештар бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба водор месозанд ва мутмаинам, ки рушди тадриҷии ҳамкориҳо ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб буда, ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми ҳарду кишвар мусоидат мекунанд», – иброз доштааст муовини нахуствазир ин кишвар.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар навбати худ қайд кардааст, ки зимни вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои иборат аз роҳандозии ҳакориҳои судманд дар бахшҳои энергетитка, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, соҳаи истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноат, кишвоварзӣ, туризм, ҳамкориҳои байнимарзӣ ва ғайра баррасӣ шуда, Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти ин ҳамкориҳо мебошад.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протоколи муштараки ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related