Интиқоли барқ ба минтақаҳо боз 1 соат зиёд шуд

Ба минтақаҳои кишвар, ки дар онҳо реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ аст, аз 12 декабр интиқоли барқ боз 1 соат зиёд шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик», ин имконият баъди пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» пайдо гашта, акнун ҳамаи минтақаҳои кишвар пагоҳӣ […]

Asia-Plus

Ба минтақаҳои кишвар, ки дар онҳо реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ аст, аз 12 декабр интиқоли барқ боз 1 соат зиёд шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик», ин имконият баъди пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» пайдо гашта, акнун ҳамаи минтақаҳои кишвар пагоҳӣ аз соати 05-00 то 10-00 ва бегоҳӣ аз соати 16-00 то 22-00 барқ мегиранд.

Гуфта мешавад, ШСХК «Барқи Тоҷик» бо камоли эҳтиром аз муштариён хоҳиш намудааст, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи неруи барқро саривақт пардохт намоянд.

Вобаста ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо ҳар як муштарӣ метавонад тавассути телефонҳои боварӣ бо ширкат дар тамос шавад. Телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»: 235-86-74; 235 86 84; 610-60-50; 295-202.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.