Медалҳои варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни ИМА

Дар мусобиқаҳои гуногуне, ки дар ИМА баргузор шуданд, гуштигири тоҷик дар риштаи дзюдо Хушбахт Қурбонмамадов ба гирифтани 1 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ шарафёб гардид. Дар мусобиқаи «The Big Apple Judo Classic-2016» дар Ню-Йорк дар вазнҳои 66 ва 73 кило ӯ як медали тилло ва 1 медали биринҷӣ ва дар қувваозмоиҳои мусобиқаи «51-st Annual […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаҳои гуногуне, ки дар ИМА баргузор шуданд, гуштигири тоҷик дар риштаи дзюдо Хушбахт Қурбонмамадов ба гирифтани 1 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ шарафёб гардид.

Дар мусобиқаи «The Big Apple Judo Classic-2016» дар Ню-Йорк дар вазнҳои 66 ва 73 кило ӯ як медали тилло ва 1 медали биринҷӣ ва дар қувваозмоиҳои мусобиқаи «51-st Annual Dallas invitational Judo» дар Техас дар вазнҳои гуногун як маротиба ҷойи аввал ва ду бор зинаи дуюмро ишғол кард. Дар ин бора худи варзишгар дар саҳифаи худ дар «Вконтакте» хабар додааст.

Қобили зикр аст, ки Хушбахт таҳти раҳбарии Мураббии шоистаи Русия Владимир Елчанинов тамрин мегирад. Замоне ин мураббӣ Расул Боқиевро тамрин дода, айни замон мураббии Комроншоҳи Устопириён низ мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.