Россотрудничество дар Хуҷанд намояндагӣ боз мекунад

Агентии Россотрудничество филиалҳои худро дар Арманистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон боз карданист. Дар Душанбе намояндагии он қайҳост, ки фаъолият дорад. Акнун намояндагии Россотрудничество дар шаҳри дигари Тоҷикистон – Хуҷанд боз мешавад. РИА Новости бо истинод ба гуфтаҳои роҳбари агентӣ Любов Глебова менависад, ифтитоҳи намояндагиҳои мазкур мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ сурат мегирад. «Намояндагиҳои мо маъмулан дар пойтахтҳо мавҷуданд, […]

Asia-Plus

Агентии Россотрудничество филиалҳои худро дар Арманистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон боз карданист. Дар Душанбе намояндагии он қайҳост, ки фаъолият дорад. Акнун намояндагии Россотрудничество дар шаҳри дигари Тоҷикистон – Хуҷанд боз мешавад.

РИА Новости бо истинод ба гуфтаҳои роҳбари агентӣ Любов Глебова менависад, ифтитоҳи намояндагиҳои мазкур мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ сурат мегирад. «Намояндагиҳои мо маъмулан дар пойтахтҳо мавҷуданд, вале таҷриба нишон дод, ки дар дигар шаҳрҳо ҳам ба чунин марказҳо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, дар кадом шаҳре, ки талабот ҳаст, он ҷо марказҳо боз мекунем», – иброз доштааст ӯ.

Глебова қайд кардааст, ки охири сол дар шаҳри Ош (Қирғизистон) чунин марказ кушода шуда, Россотрудничество ифтитоҳи марказҳо дар шаҳрҳои Гюмри (Арманистон), Ганҷа (Озарбойҷон) ва Хуҷанд (Тоҷикистон)-ро ҳам дар нақша дорад.

«Албатта, дар навбати аввал мо ба кишварҳои узви ИДМ таваҷҷуҳ дорем, зеро онҳо барои мо ва дар маҷмӯъ барои кишвар афзалиянок маҳсуб меёбанд, вале дар ин самт мо тававққуф карданӣ нестем, масалан доир ба ифтитоҳи марказ дар Аморати Муттаҳидаи Араб низ гуфтушунидҳо доир гардиданд», – илова кардааст роҳбари агентӣ.

Ӯ ҳамчунин шарҳ додааст, ки айни замон дар 80 кишвари саросари дунё 94 намояндагии хориҷии Россотрудничество амал карда, дар 61 кишвар марказҳои мукаммали илму фарҳанги Русия (аз онҳо 9-то шуъба) ва дар 22 кишвар 22 намоянда дар ҳайати сафорат фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.