Кордхӯрии зани тоҷики фурӯшандаи билетҳои ҳавопаймоӣ дар Маскав

Як зани 32-сола аз Тоҷикистон, ки дар бозори “Садовод” билети ҳавопаймо мефурӯхт, ҳангоми муноқиша бо муштариёни норозӣ корд хӯрдааст. Дар ин бора сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» бо такя ба сомонаи “Life” хабар медиҳад. Гуфта мешавад, аз ин зан ҳамчун Муҳайёхон Х. ном бурда шуда, рӯзи шанбе, 10 декабр, 6-7 нафар, ки бо билетҳои аз дӯкони […]

Расонаи мустақили «Ахбор»

Як зани 32-сола аз Тоҷикистон, ки дар бозори “Садовод” билети ҳавопаймо мефурӯхт, ҳангоми муноқиша бо муштариёни норозӣ корд хӯрдааст. Дар ин бора сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» бо такя ба сомонаи “Life” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аз ин зан ҳамчун Муҳайёхон Х. ном бурда шуда, рӯзи шанбе, 10 декабр, 6-7 нафар, ки бо билетҳои аз дӯкони Муҳайёхон харидаашон натавонистаанд, парвоз кунанд, вориди ин нуқтаи билетфурӯшӣ шуда, бо талаби баргардони пулашон бо ӯ муноқиша кардаанд.

Муҳайёхон ба даст корд гирифта, таҳдид кардааст, ки тарки дӯкон кунанд, вагарна худашро корд хоҳад зад. Ҳангоми часпуталоши байни фурӯшанда ва муштариёни норозӣ корд ба шиками Муҳайёхон расидааст.

Муштариёни норозӣ баъди чунин ранг гирифтани ҳол тарки дафтар кардаанд ва худи фурӯшандаро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурдаанд. Пулис афроди гумонбар дар ин ҳодисаро ҷустуҷӯ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.