Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Сафари чоррӯзаи президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон оғоз мегардад; – Дар Душанбе форуми ҳамватанони ҷавони русиягӣ баргузор мешавад; – Дар меҳмонхонаи «Hilton Petaling Jaya» дар Куала-Лумпур (рӯзҳои 13-14 декабр) семинари маърифатии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар кори он намояндагони дастаҳои иштирокчии мусобиқаи Ҷоми КФО ва Лигаи чемпионҳои мавсими 2017, аз ҷумла намояндагони […]

Asia-Plus

АНОНС

– Сафари чоррӯзаи президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон оғоз мегардад;

– Дар Душанбе форуми ҳамватанони ҷавони русиягӣ баргузор мешавад;

– Дар меҳмонхонаи «Hilton Petaling Jaya» дар Куала-Лумпур (рӯзҳои 13-14 декабр) семинари маърифатии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар кори он намояндагони дастаҳои иштирокчии мусобиқаи Ҷоми КФО ва Лигаи чемпионҳои мавсими 2017, аз ҷумла намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот»-и Фархор низ ширкат меварзанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8773 сомонӣ;

1 евро – 8.3539 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1261 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура

1930 – Таъсиси ноҳияи Қалъаи Хумб (феълан Дарвоз) дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

2010 — Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» ба баррасии умум гузошта шуд.

1925 – Зодрӯзи мусиқишинос, доктори санъатшиносӣ Файзулло Кароматов.

1934-1998 – Мавлуди Корманди шоистаи Тоҷикистон Сайфиддин Тешаев.

1941-2011 – Зодрӯзи шоир Ширин Бунёд.

1948 – Мавлуди журналист Баҳодур Саодатшоев.

1964 – Зодрӯзи рӯзноманигор Нуралӣ Давлат.

1967 — Мавлуди журналист Сайфиддин Қараев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, баъзан туман.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +7+9.   

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +6+8.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.