Фармондеҳи нав дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Генерал Олег Митяев, фориғуттаҳсили Академияи нерӯҳои мусаллаҳи Русия, фармондеҳи нави пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон таъин шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти Вазорати дифои Русия гуфтаанд, муаррифии Митяев рӯзи 13 декабр сурат гирифта, ӯ дар мақоми нав Денис Ляминро иваз кард. Гуфта мешавад, Лямин ҳамагӣ як соли пеш фармондеҳии пойгоҳи 201-ро ба ӯҳда гирифта буд. […]

Радиои Озодӣ

Генерал Олег Митяев, фориғуттаҳсили Академияи нерӯҳои мусаллаҳи Русия, фармондеҳи нави пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон таъин шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти Вазорати дифои Русия гуфтаанд, муаррифии Митяев рӯзи 13 декабр сурат гирифта, ӯ дар мақоми нав Денис Ляминро иваз кард.

Гуфта мешавад, Лямин ҳамагӣ як соли пеш фармондеҳии пойгоҳи 201-ро ба ӯҳда гирифта буд. Ин полковники 37-сола ва фориғуттаҳсили омӯзишгоҳи танкии Челябинск, ҳоло фармондеҳи дивизияи 90-уми танкӣ дар ин вилоят таъин гардидааст.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини ҳарбии кишвар дар қаламрави берун аз Русия маҳсуб меёбад. Ҷузъу томҳои пойгоҳ бо ҳайати иборат аз 7 нафар ҳазор афсарону сарбозон дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.