Нигаронии ҳукумат аз таъмини бехатарии маводи ғизойӣ

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 13 декабр ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквориро баргузор намуда, дар он аз фаъолияти Шӯро дар соли равон натиҷагирӣ шуд. Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳо, соли равон дар кишвар 25 ҳодисаи заҳролудшавии 86 нафар аз маводи хӯрокворӣ, 19 ҳолати сироят […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 13 декабр ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквориро баргузор намуда, дар он аз фаъолияти Шӯро дар соли равон натиҷагирӣ шуд.

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳо, соли равон дар кишвар 25 ҳодисаи заҳролудшавии 86 нафар аз маводи хӯрокворӣ, 19 ҳолати сироят ба бемории ботулизм ба қайд гирифта шудааст, ки 6 тан аз онҳо ҳалок шудаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳамаи ҳолатҳои заҳролудшавии шаҳрвандон ба истеъмоли сабзавоти дар шароити хона консервшуда дар ғизо вобаста мебошанд.

Бахусус таъкид шудааст, ки соли равон дар нуқтаҳои хӯроки умумии кишвар ягон ҳодисаи захолудшавии шаҳрвандон сабт нашудааст.

Зимнан зикр гардидааст, ки соли 2016 дар Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 317 тонна маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта мусодира шудааст. Аз бозорҳо наздики 90 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 3,8 тонна маҳсулоти ширӣ, 105 тонна сабзавоту мева, ки ба меъёрҳои сафт ҷавобгӯ набуданд, аз фурӯш гирифта шудаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа нақшаи кор барои соли 2017 қабул шуда, Азим Иброҳим дар мавриди тақвияти назорат аз болои таъмини бехатарии маводи ғизойӣ дар кишвар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.