«Истиқлол» бозиҳо дар Ҷоми КФО-ро 14 март оғоз мекунад

Санаи бозиҳо дар марҳилаи гурӯҳи «D»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017, ки ба он дастаи «Истиқлол»-и Душанбе низ шомил аст, маълум шуданд. Бино ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), «Истиқлол» бозии аввалро 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби давраи плей-офф мегузаронад, ки он дастаи «Ҳосилот»-и Фархор шуда метавонад. «Ҳосилот»-и Фархор аз марҳалаи […]

Asia-Plus

Санаи бозиҳо дар марҳилаи гурӯҳи «D»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017, ки ба он дастаи «Истиқлол»-и Душанбе низ шомил аст, маълум шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), «Истиқлол» бозии аввалро 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби давраи плей-офф мегузаронад, ки он дастаи «Ҳосилот»-и Фархор шуда метавонад. «Ҳосилот»-и Фархор аз марҳалаи плей-офф ба рақобат пардохта, дар ду марҳала барои ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шудан мубориза мебарад.

«Ҳосилот» дар марҳалаи аввал бо чемпиони Афғонистон «Шоҳин Асмоӣ» (31 январ дар меҳмонӣ ва 7 феврал дар Душанбе) қувва меозмояд. Дар сурати ғолиб омадан, баъдан бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Балкан»-и Туркманистон ва «Дурдой»-и Қирғизистон (21 ва 28 феврал) муборизаро барои роҳёбӣ ба марҳилаи гурӯҳӣ идома медиҳад.

Бозиҳои плей-офф аз ду вохӯрӣ иборат мебошанд. Ғолиби ин бозиҳо ба гурӯҳи дастаҳои «Истиқлол», «Алтин асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон ҳамроҳ мешавад. Танҳо ғолиби гурӯҳ ба бозиҳои минбаъда роҳхат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабр Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиёро тарҳи баргузории мусобиқоти Ҷоми ин ниҳодро дар ҷаласаи худ, ки дар шаҳри Абу Дабии АМА доир гардид, тағйир дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...