Маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон

Имрӯз, 14 декабр дар шаҳри Тошканд маросими адои савганди президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир гардид. Ба ин муносибат ҷаласаи муштараки палатаи қонунгузорӣ ва  Сенат Олий Маҷлиси Ӯзбекистон баргузор шуда, дар он Шавкат Мирзиёев ба мардуми кишвар савганди садоқат ёд кард. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.  Дар ҷараёни ҷаласа раиси Комиссияи интихоботи Ӯзбекистон […]

Asia-Plus

Имрӯз, 14 декабр дар шаҳри Тошканд маросими адои савганди президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Ба ин муносибат ҷаласаи муштараки палатаи қонунгузорӣ ва  Сенат Олий Маҷлиси Ӯзбекистон баргузор шуда, дар он Шавкат Мирзиёев ба мардуми кишвар савганди садоқат ёд кард. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

 Дар ҷараёни ҷаласа раиси Комиссияи интихоботи Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов ба Шавкат Мирзиёев шаҳодатномаи дахлдорро супурд.

Сенат ё палатаи болоии порлумони Ӯзбекистон рӯзи 13 декабр истеъфои нахуствазир Шавкат Мирзиёевро пазируфта, ҳамчунин тамоми ҳайати ҳукумат низ ба истеъфо рафт. Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъалаи пешбарии номзадии Абдулло Орипов ба мансаби нахуствазири Ӯзбекистон низ баррасӣ хоҳад шуд.

Маъракаи интихоботи пешазмуҳлати президентии Ӯзбекистон санаи 4 декабри соли равон доир гардида, дар он номзад аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо касби 88,61% ё худ 15 млн. 906 ҳазору 724 нафар раъйи интихобкунандагон президенти ин кишвар интихоб шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.