Анҷоми ҷангҳои шадиди чаҳорсола дар Ҳалаби Сурия

Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар СММ гуфтааст, ки амалиёти ҷангӣ дар шарқи Ҳалаби Сурия поён ёфта, нерӯҳои ҳукуматӣ охирин минтақаҳоеро, ки дар дасти шӯришгарон буд, пурра ишғол карданд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи абарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Би-би-си, агар гуфтаҳои дипломати рус дуруст бошад, пас ҷангҳои шадиди чаҳорсола дар Ҳалаби Сурия […]

Лоиҳаи абарии Осиёи Марказӣ

Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар СММ гуфтааст, ки амалиёти ҷангӣ дар шарқи Ҳалаби Сурия поён ёфта, нерӯҳои ҳукуматӣ охирин минтақаҳоеро, ки дар дасти шӯришгарон буд, пурра ишғол карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи абарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Би-би-си, агар гуфтаҳои дипломати рус дуруст бошад, пас ҷангҳои шадиди чаҳорсола дар Ҳалаби Сурия ба поён мерасад.

Гуфта мешавад, қаблан Чуркин аз созиш дар бораи эълони оташбас хабар дода буд, ки ба мухолифони Асад ҷиҳати тарки шарқи Ҳалаб имкон медиҳад. Шӯришгарон низ ин хабарро тасдиқ карданд ва чанд соати ахир садои бомбаборон ё амалиёти ҷангӣ шунида намешуд.

Зикр мегардад, ки хабари қатъи даргириҳои Ҳалаб дар ҳоле элон мешавад, ки СММ аз кушта шудани сокинони маҳаллӣ тавассути нерӯҳои ҳукумати Сурия хабар дод. Бар пояи маълумоти муътамади онҳо, сарбозони Башор Асад дар чаҳор ноҳияи шаҳр 82 сокини осоиштаро ба қатл расондаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.