Интиқоли барқ ба минтақаҳо 5 соат зиёдтар шуд

Ба минтақаҳои кишвар, ки дар онҳо аз моҳи октябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ аст, аз 12 декабр интиқоли барқ боз 1 соат зиёд шуд. Қаблан санаи 9 декабр ширкати «Барқи тоҷик» изҳор дошта буд, ки ба туфайли мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, интиқоли барқ ба минтақаҳои 3 соат […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба минтақаҳои кишвар, ки дар онҳо аз моҳи октябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ аст, аз 12 декабр интиқоли барқ боз 1 соат зиёд шуд.

Қаблан санаи 9 декабр ширкати «Барқи тоҷик» изҳор дошта буд, ки ба туфайли мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, интиқоли барқ ба минтақаҳои 3 соат зиёдтар карда мешавад. Рӯзи 12 декабр интиқоли барқ боз 1 соати дигар зиёд шуд.

Ҳамин тариқ, нисбат ба давраи аввали ҷорӣ шудани лимит, айни замон вақти интиқоли барқ ба аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон 5 соат зиёд карда шуд. Акнун ҳамаи минтақаҳои кишвар пагоҳӣ аз соати 05-00 то 11-00 ва бегоҳӣ аз соати 16-00 то 22-00 (12 соат) нерӯи барқ мегиранд.

Ҳамчунин тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, санаи 22 декабр тамоми шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ ироаи паёми навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба парлдумони Тоҷикистон мустақиман намоиш медиҳанд. «Дар ин рӯз аз соати 6-и субҳ то 14-и рӯз интиқоли барқ дар саросари кишвар таъмин шуда, минбаъд боз тибқи реҷаи муқарраршуда сурат мегирад», – гуфтанд дар ширкат.

Ширкати «Барқи Тоҷик» аз муштариён хоҳиш намудааст, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи неруи барқро саривақт пардохт намоянд.

Вобаста ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо ҳар як муштарӣ метавонад тавассути телефонҳои боварӣ бо ширкат дар тамос шавад. Телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»: 235-86-74; 235 86 84; 610-60-50; 295-202.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...