Номзадии Бердимуҳаммедов дар интихоботи навбатии президенти Туркманистон

Date:

Президенти амалкунандаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар интихоботи президентии моҳи феврали соли 2017 номзад шуд.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти расонаҳои маҳалии Туркманистон, Бердимуҳаммедов аз Ҳизби демократии Туркманистон номзад шудааст.

Гуфта мешавад, ибтидои тирамоҳи соли ҷорӣ Бердимуҳаммедов ба Конститутсияи кишвараш тағйир ворид карда, тибқи ин ислоҳ муҳлати президентӣ аз 5 то 7 сол дароз ва маҳдудияти синнусолии президентӣ то 70-солагӣ расонда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар Туркманистон 12 феврали соли 2017 интихобот дар назар аст. Пешбарии номзадҳо 14 декабр шуруъ шуд. Дар чанд рӯзи оянда рақибони Бердимуҳаммадов муайян мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов соли 2006 ба курсии президентии Туркманистон нишаст. Вай баъди марги Сафармурод Ниёзов, президенти нахустини ин кишвар, сари қудрат омад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...