Санҷишҳои муштараки кормандони милитсия ва энергетикҳо оид ба дуздии барқ

Дар ҷараёни санҷиши муштараки мақомоти корҳои дохилӣ ва шабакаҳои барқӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чор ҳолати дуздии нерӯи барқ аз ҷониби сокинони пойтахт ошкор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки соҳибкор, марди 55-солаи сокини ноҳияи Синои пойтахт ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ бе иҷозати шабакаҳои барқӣ […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни санҷиши муштараки мақомоти корҳои дохилӣ ва шабакаҳои барқӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чор ҳолати дуздии нерӯи барқ аз ҷониби сокинони пойтахт ошкор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки соҳибкор, марди 55-солаи сокини ноҳияи Синои пойтахт ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро ба танӯри нонвойхонааш гузаронидааст, ки дар натиҷа аз ҷониби ӯ ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори 15 ҳазору 400 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.

Гуфта мешавад, соҳибкор, марди 48-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ худсарона қувваи барқро ба танури нонвойхонааш гузаронида, бо ин роҳ ӯ ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори 18 ҳазору 275-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Қайд мешавад, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар доираи гузаронидани санҷиши муштарак муайян гардидааст, ки марди 22-солаи сокини кӯчаи Ховарон дар мағозаи шахсиаш бе иҷозатнома ва шартномаи дахлдор қувваи барқро ба муддати 7-моҳ ғайриқонунӣ истифода бурда, зарари моддии расонидашуда ба шабакаҳои барқӣ  2 ҳазору 871-сомониро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин, дар ноҳияи И. Сомонии пойтахт зимни гузаронидани санҷиши муштарак муайян карда шудааст, ки марди 29-солаи сокини кӯчаи Рӯдакӣ, тахминан муддати як сол бе иҷозатнома ва шартномаи дахлдор қувваи барқро истифода бурда, ба шабакаҳои барқӣ дар ҳаҷми 11 ҳазору 232 сомонӣ зарар расонидааст.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ қайд мекунад, ки айни замон аз  рӯи ин ҳодисаҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.