Натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон

Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар рӯзи 17 декабр оғоз ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбати самимии дӯстонаи Президенти Тоҷикистон бо Президенти Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ  вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар […]

Asia-Plus

Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар рӯзи 17 декабр оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбати самимии дӯстонаи Президенти Тоҷикистон бо Президенти Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ  вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз шуда, сипас дар вохӯрии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.

Дар шаҳри Деҳлӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ноиби Президенти Ҳиндустон, Раиси Раҷя сабҳа (Шӯрои Штатҳо) – Палатаи болоии парлумони ин кишвар Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуда, дар мулоқот масоили рушду густариши бемайлони робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пас аз анҷоми музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон дар изҳороти матбуотӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамоно хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориҳояш бо Ҳиндустон дар соҳаи тиҷорату ҷалби сармояҳо мебошад.

Дар изҳороти муштарак аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон зикр мегардад, ки Сарвазир Модӣ ва Президент Раҳмон ба мувофиқа расиданд, ки  25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба таври шоиста  тавассути баргузории фестивалҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамоишҳо ва дигар чорабиниҳои муштарак таҷлил хоҳад шуд. Ду Роҳбар ба табодули бештари филмҳо, барномаҳои телевизионӣ ва маҳсули дигар эҷодиёти фарҳангӣ миёни мардумони ду кишвар даъват намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.