Русияву Эрон ва Туркия ба созиш дар Сурия кафил шуданд

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, Москва, Теҳрон ва Анқара ба созиш расидаанд, ки бо ҷонибҳои даргири Сурия барои барқарории сулҳу субот ҳамкорӣ карда, кафили ҳамагуна созиш миёни ҳукумат ва ҷангҷӯён шаванд. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Лавров зимни суханронияш баъди музокироти сеҷонибаи 20 декабр дар Москва қайд кардааст, ки вазирон дар […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, Москва, Теҳрон ва Анқара ба созиш расидаанд, ки бо ҷонибҳои даргири Сурия барои барқарории сулҳу субот ҳамкорӣ карда, кафили ҳамагуна созиш миёни ҳукумат ва ҷангҷӯён шаванд.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Лавров зимни суханронияш баъди музокироти сеҷонибаи 20 декабр дар Москва қайд кардааст, ки вазирон дар масъалаи "муҳим будани густариши низоми оташбас, озодии дастрасӣ ба кумаки башардӯстона ва равуои сокинони осоишта дар ҳудуди Сурия" ҳамфикранд.

Тавре Лавров зикр кардааст, се давлат ба ин натиҷа расиданд, ки ҳадафи асосӣ мубориза бо терроризм аст, на барканории режими Башор Асад, чизе ки ИМА ва Туркия пойфишорӣ мекунанд.

Дар робита ба кушта шудани сафири Русия дар Туркия як рӯз пеш мақомоти се кишвар гуфтанд, ин ҷиноят барои халал расонидан ба мулоқоти вазирон равона шуда буд. То оғози мулоқот дар Москва, вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, ки "ҳам Туркия, ҳам Русия хуб мефаҳманд, ки ҷинояти мазкур зидди рушди муносибатҳои ду кишвар равона шудааст".

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.