Трамп: иқтидори ҳастаии ИМА бояд тақвият дода шавад, то «ҷаҳон ба ҳуш ояд»

Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА даъват кардааст, ки имкониятҳои кишвараш барои сохтани силоҳи ҳастаӣ тавсеа бахшида шавад, то "ҷаҳон ба ҳуш ояд". Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории Рейтер, ин даъвати Трамп бонги ҳимоят аз талошҳои пурхарҷ барои замонавӣ гардонидани тӯпхонаи ҳастаии қадимии ИМА аст. "Иёлоти Муттаҳида бояд ба […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА даъват кардааст, ки имкониятҳои кишвараш барои сохтани силоҳи ҳастаӣ тавсеа бахшида шавад, то "ҷаҳон ба ҳуш ояд".

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории Рейтер, ин даъвати Трамп бонги ҳимоят аз талошҳои пурхарҷ барои замонавӣ гардонидани тӯпхонаи ҳастаии қадимии ИМА аст. "Иёлоти Муттаҳида бояд ба таври назаррас иқтидори ҳастаии худро тавсеа ва тақвият бахшад, то тамоми дунё дар робита ба силоҳи ядроӣ ба ҳуш оянд", – навиштааст Трамп рӯзи панҷшанбе дар Твиттер.

Каме баъдтар намояндаи Трамп афзуд, ки президенти тозаинтихоб хатари паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва зарурати пешгирӣ аз он, бахусус миёни гуруҳҳои террористӣ ва режимҳои саркашу нопойдорро дар назар дошт. "Трамп ҳамчунин зарурати такмил ва замонавӣ кардани тавоноии Амрикоро ҳамчун воситаи муҳими расидан ба сулҳ аз тариқи нерӯ қайд кардааст", – мегӯяд намоянда Ҷейн Миллер.

Дар даҳсолаи оянда муҳлати истифодаи иқтидори стратегии ИМА, ки иборат аз мушакҳои болдор, киштиҳои зериобӣ, бомбаафкан ва мушакҳои мустақари рӯизаминӣ аст, ба поён хоҳад расид. Барои замонавӣ гардонидани тӯпхона наздики як триллион доллар тайи 30 сол лозим аст.

Президенти тозаинтихоби ИМА рӯзи чаҳоршанбе бо раҳбарони ду пудратчии бузурги дифоии Иёлоти Муттаҳида ва намояндаи Пентагон, ки масъули хариди лавозимоти ҳарбӣ аст, мулоқот кард. Трамп гуфт, зимни ин мулоқот дар бораи коҳиш додани харҷи ду барномаи саноати ҷангандаи F-35 Lockheed Martin ва ивази ҳавопаймои президентии Боинг 747-8s – Air Force One суҳбат кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.