Мақоми сеюми гандболбоздухтарони тоҷик дар Ҷоми «Challenge Trophy»

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз ҳисоби духтарони солҳои таваллудашон 1997-2000 таркиб ёфтааст, дар марҳилаи интихобии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гандбол барои Ҷоми «Challenge Trophy» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми севумро касб кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқаи минтақавиро Вазорати фарҳангу варзиш ва Федератсияи гандболи Ӯзбекистон таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз ҳисоби духтарони солҳои таваллудашон 1997-2000 таркиб ёфтааст, дар марҳилаи интихобии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гандбол барои Ҷоми «Challenge Trophy» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми севумро касб кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқаи минтақавиро Вазорати фарҳангу варзиш ва Федератсияи гандболи Ӯзбекистон таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии гандбол баргузор карданд. Дар мусобиқа варзишгарони ҷавони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.

Дар сабқати занон мунтахаби Ӯзбекистон, ки бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад, ҷойи аввалро соҳиб гашт ва бо ҷоизаи аслӣ мукофотонида шуд. Мунтахаби Туркманистон ҷойи дувумро гирифт. Дастаи Тоҷикистон, ки бар тими Қирғизистон ғолиб омада, аз дастаҳои Ӯзбекистону Туркманистон мағлуб гашт, ҷойи севумро азони худ намуд. Мунтахаби Қирғизистон чорум шуд. Дар мусобиқаи духтарон дастаи Қазоқистон иштирок надошт.

Дар сабқати писарон низ мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар ҳамаи бозиҳо пирӯз шуд, ҷойи аввалро азони худ кард. Дастаи Қазоқистон ҷойи дувум ва мунтахаби Туркманистон ҷойи севумро ишғол намуданд. Мунтахаби Тоҷикистон чорум ва дастаи Қирғизистон панҷум шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.