Таҳияи рӯйхати адабиёти классикӣ барои толибилмони тоҷик

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чун солҳои пешин таътили зимистонаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар аз 1 январ то 31 январ идома меёбад. Котиби матбуотии Вазорат Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар таътили зимистона барои хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои мактаббачагон иштирок мекунанд, машғулиятҳои иловагӣ гузаронида мешавад. «Ҳамчунин […]

Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чун солҳои пешин таътили зимистонаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар аз 1 январ то 31 январ идома меёбад.

Котиби матбуотии Вазорат Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар таътили зимистона барои хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои мактаббачагон иштирок мекунанд, машғулиятҳои иловагӣ гузаронида мешавад.

«Ҳамчунин омӯзгорон барои толибилмони мактабҳо рӯйхати адабиёти классикӣ барои мутолиа замони таътилро тартиб додаанд. Худи омӯзгорон моҳи январ ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки соли 2012 Вазорати маориф бо назардошти супориши мақомоти шаҳрдории Душанбе ва сардии зимистон таътили тирамоҳии толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро бекор карда, таътили зимистонаро то як моҳ дароз кард.

Моҳи сентябри соли 2013 Вазорати маориф навгонии тоза ҷорӣ намуда, мутобиқи он мактабҳо ба низоми нимсолаи таҳсил гузаштанд. Нимсолаи аввал аз 1 сентяр то охири моҳи декабр давом мекунад. Сипас баъди таътили тӯлонии зимистона нимсолаи дуюми хониш оғоз гардида, аз 1 феврал то 7 июн идома меёбад. Соли хониши мактаббачон дар маҷмӯъ аз 34 ҳафта иборат аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.