Тоҷирони ӯзбек бозори Тоҷикистонро меомӯзанд

Як гурӯҳи намояндагони бахши тиҷорати Ӯзбекистон аз шаҳри Душанбе боздид намуда, бо имконоти бозори Тоҷикистон шинос шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), ҳайати тоҷирони кишвари ҳамсоя аз директори КМ ҶДММ «Zavod NVA» Александр Краюшкин, директори ширкати «Dur Qushbegi Biznes» Холиёр Холиқназаров, директори ширкати «SHAMS» Шамсиддин Қосимов, менеҷер оид […]

Asia-Plus

Як гурӯҳи намояндагони бахши тиҷорати Ӯзбекистон аз шаҳри Душанбе боздид намуда, бо имконоти бозори Тоҷикистон шинос шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), ҳайати тоҷирони кишвари ҳамсоя аз директори КМ ҶДММ «Zavod NVA» Александр Краюшкин, директори ширкати «Dur Qushbegi Biznes» Холиёр Холиқназаров, директори ширкати «SHAMS» Шамсиддин Қосимов, менеҷер оид ба фурӯш ва маркетинги ҶДММ «Mahsus Ish Kiyim» Даврон Абдусатторов иборат будааст.

«Тоҷирони ӯзбек ба Намоиши байнулмилалиии универсалии «Тоҷикистон» ба «Кохи Борбад» ташриф оварда, ҳамчунин имконоти минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим»-ро мавриди омӯзиш қарор доданд», – омадааст дар хабари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, директори ширкати «SHAMS» Шамсиддин Қосимов аз иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» ва ҶСК «Ширин» боздид намуда, бо раҳбарияти ин корхонаҳо масоили роҳандозии ҳамкории минбаъда оид ба таҳвили ашёи хомро баррасӣ кардааст.

Қайд мешавад, ки директори КМ ҶДММ «Zavod NVA» Александр Краюшкин бо намояндагони Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, ширкати «Барқи тоҷик» ва пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид анҷом додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки тоҷирони ӯзбек ба дастгирии ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти Тоҷикистон дар кори намоишу ярмаркаҳои Ӯзбекистон омодагӣ изҳор намудаанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.