Туҳфаҳои солинавии президент ба ҳайати шахсии Вазорати мудофиа

Ба тамоми ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, курсантҳои муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, оилаҳои сарбозону афсарони зимни иҷрои қарзи ҳарбӣ ҳалокшуда аз номи Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим карда мешаванд. – Барои дастурхони идона дар қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таълимӣ президенти Тоҷикистон беш аз 80 тонна маҳсулоти ғизойӣ, аз ҷумла гӯшту […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба тамоми ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, курсантҳои муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, оилаҳои сарбозону афсарони зимни иҷрои қарзи ҳарбӣ ҳалокшуда аз номи Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим карда мешаванд.

– Барои дастурхони идона дар қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таълимӣ президенти Тоҷикистон беш аз 80 тонна маҳсулоти ғизойӣ, аз ҷумла гӯшту биринҷ, сабзавоту мева, макарону консерва, ширқиём, равған ва шириниҳои гуногун ҷудо кард, – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин аз номи сарвари давлат ба беш аз 10 ҳазор нафар сарбозон туҳфаҳои солинавӣ супурда мешаванд. «Комиссияи бо супориши вазири мудофиа таъсисёфта имрӯз бояд ба қисмҳои ҳарбӣ дар тамоми минтақаҳо расонидан ва тақдими туҳфаҳоро ба итмом расонад», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, бо дастури президент ба ятимоне, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, кумакпулии якдафъаина дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.