Аввали соли оянда президент назди ҲХДТ вазифаҳои нав мегузорад

Рӯзи 5 январи соли оянда Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи пленуми ҳизбро баргузор мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ хабар дод, дар кори пленум раҳбарияти ҳизб, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ширкат варзида, аз фаъолияти ҳизб дар соли […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи 5 январи соли оянда Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи пленуми ҳизбро баргузор мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ хабар дод, дар кори пленум раҳбарияти ҳизб, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ширкат варзида, аз фаъолияти ҳизб дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои соли 2017 муайян карда мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар пленум ба масъалаи кор бо аҳолӣ дар самти пешгирии ифротгароиву терроризм ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и онҳо ҷавононанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.