Ҳукумат воситаҳои буҷет аз бонкҳои дучори мушкилро бозпас мегирад

Ҳукумати Тоҷикистон воситаҳои корхонаву ташкилотҳои буҷетиро аз бонкҳои дучори мушкил бозпас мегирад. Ин воситаҳо пурра ба суратҳисоби ягонаи Хазинадории марказии Вазорати молия гузаронида шуда, дар муддати як сол истифодаи онҳо маҳдуд мешавад. Дар қарори ҳукумат «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки ҶТ барои сармоягузории бонкҳо» гуфта мешавад, ин тадбир баҳри пешгирии фишори асъорӣ ва […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон воситаҳои корхонаву ташкилотҳои буҷетиро аз бонкҳои дучори мушкил бозпас мегирад. Ин воситаҳо пурра ба суратҳисоби ягонаи Хазинадории марказии Вазорати молия гузаронида шуда, дар муддати як сол истифодаи онҳо маҳдуд мешавад.

Дар қарори ҳукумат «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки ҶТ барои сармоягузории бонкҳо» гуфта мешавад, ин тадбир баҳри пешгирии фишори асъорӣ ва дастгирии сатҳи устувори таваррум андешида мешавад.

«Ин ҷо доир ба воситаҳои озоди муассисаҳои буҷетӣ сухан меравад, ки муваққатан дар суратҳисобҳои амонатии дар бонкҳои дучори мушкилот ҷойгир шуда буданд. Ҳаҷми ин воситаҳо танҳо дар ду бонки низомсоз беш аз 1,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Бозпас гирифтан ва дар Вазорати молия нигаҳдории маҳз ҳамин воситаҳо дар назар аст, то ки дар вазъи суратмегирифта бо сармоягузории бонкҳо ба як гунае қурби асъори миллӣ дастгирӣ ва мизони таваррум дар як сатҳи муайян нигаҳдорӣ шавад», – гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита як коршиноси бахши молиявӣ.

Қобили зикр аст, ки даҳаи охири моҳи декабр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд.

Дар маҷмӯъ ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) векселҳо пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» – 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» – 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» – 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.