Паёмҳои табрикии сарони кишварҳои Тоҷикистону Хитой

Ба шарафи 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони ин кишварҳо – Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки чоряк аср муқаддам Хитой, ҳамчун ҳамсояи хайрхоҳ ва дӯсти боэътимод аз […]

Asia-Plus

Ба шарафи 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони ин кишварҳо – Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки чоряк аср муқаддам Хитой, ҳамчун ҳамсояи хайрхоҳ ва дӯсти боэътимод аз аввалин давлатҳое буд, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият пазируфт ва кишварҳои мо ба ташаккулу густариши робитаҳои сифатан нави байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

«Боиси хушнудист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Хитой чӣ дар чорчӯбаи дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрҷониба бемайлон рушд намуданд. Имрӯз ба ҳамшарикии кишварҳои мо, ки дар асоси усулҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва риояи мутақобилаи манфиатҳо бино ёфтааст,  сатҳи баланди ҳамкорӣ хос аст», – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта мешавад, байни Тоҷикистон ва Хитой дар сатҳи олӣ ва баланди давлатӣ муколамаи доимии сиёсӣ ба роҳ монда шудааст ва дар ҷараёни он дидгоҳи усулии ҷонибҳо нисбат ба доираи васеи мушкилоти мубрами байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳое, ки ба рӯзномаи СММ ва СҲШ шомиланд, ҳамсон ва ё ба ҳам бисёр наздик мебошанд.

«Мо муносибатҳои босуботи худро бо  Ҷумҳурии Халқии Хитой арзишманд медонем ва ба рушди мантиқии онҳо дархӯр ба рифоҳи мардумонамон эътимоди комил дорем. Дар дурнамои наздик ва дарозмуҳлат рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ҳамсояи бузурги худ самти авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад», – таъкид мешавад дар барқия.

Дар навбати худ Си Ҷинпин дар барқияи худ зикр кардааст, ки Тоҷикистону Хитой  ҳамсояҳои ба ҳам хайрхоҳ мебошанд ва онҳоро кӯҳҳои осмонбусу дарёҳо ба ҳам мепайванданд.

«Дӯстии халқҳои мо аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ муносибатҳои кишварҳои мо босубот ва самарабахш рушд меёбанд. Тамосҳову мубодилаи сафарҳо дар сатҳи баланд мунтазам ба роҳ монда шуда, сатҳи эътимоди мутақобилаи сиёсӣ пайваста боло меравад», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Хитой.

Қайд мешавад, ки ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ”, ҳамчунин дар ҷодаи амниятӣ натиҷаҳои хуби барои мардумонамон воқеан ҳам судмандро ба бор оварда, ҳар ду ҷониб якдигарро дар масъалаҳои муҳимми мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дастгирӣ намуда, дар умури байналмилаливу минтақавӣ ҳамдастиву  мусоидати мутақобиларо ба роҳ мондаанд ва аз ин тариқ дар раванди таъмини сулҳу суботи минтақавӣ нақши назаррас доранд.

«Ин ҷониб ба густариши минбаъдаи муносибатҳои Хитою Тоҷикистон аҳаммияти хосса медиҳад. Ҷониби Хитой масири рушди Тоҷикистонро бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар,  саъю талошҳои онро ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи дохилӣ, ҳамчунин пешбурди тараққии иҷтимоиву иқтисодӣ  қотеона пуштибонӣ менамояд», – таъкид мешавад дар барқияи Си Ҷинпин.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.