Беш аз 1 млн сомонӣ даромад ба буҷет барои тарбияи «нодуруст»-и кӯдакон

Соли 2016 барои тарбияи «нодуруст»-и кӯдакон зиёда аз 8,5 ҳазор нафар падару модарон бо қарори суд ҷаримабандӣ шуда, аз ин ҳисоб буҷети давлатӣ беш аз 1 млн. сомонӣ даромад гирифт. Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2016 аз рӯи масъалаҳои риояи меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Соли 2016 барои тарбияи «нодуруст»-и кӯдакон зиёда аз 8,5 ҳазор нафар падару модарон бо қарори суд ҷаримабандӣ шуда, аз ин ҳисоб буҷети давлатӣ беш аз 1 млн. сомонӣ даромад гирифт.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2016 аз рӯи масъалаҳои риояи меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳудуди 14 ҳазор парванда доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст.

«Дар маҷмӯъ нисбати 4 ҳазор нафар волидон дар шакли огоҳӣ ҷазо таъин шуда, зиёда аз 8,5 ҳазор нафар ҷаримабандӣ шуданд, ки ҳаҷми умумии он беш аз 1 млн. сомониро ташкил дод», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Шоҳиён, соли гузашта оид ба риояи меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» дар судҳои ҷумҳурӣ 784 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, нисбати 767 нафар аз онҳо доир ба ҷаримабандӣ қарорҳо содир шудаанд ва аз ин ҳисоб ба буҷети кишвар беш аз 2,4 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

«Соли 2016 бо қарорҳои судҳои кишвар аз ҳисоби боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо ва мусодира ба нафъи буҷети ҳукумат дар маҷмӯъ 48,8 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд», – илова кард раиси Суди олии ҷумҳурӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.