Театри миллӣ бисёрсоҳавӣ хоҳад шуд

Дар макони замоне дӯкону раста ва фурӯшгоҳҳои бозори «Баракат», ки миёни мардум дар пойтахт бо номи «Бозори Путовский» маъруф буд, корҳои сохтмонии марҳилаи аввали бунёди бузургтарин театри миллии Осиёи Марказӣ дар Душанбе идома доранд. Хабарнигорони «Азия-Плюс» аз майдони сохтмон боздид намуда, бо ҷараёни корҳо шинос шуданд. Фармоишгар ва пудратчии асосӣ аз тарафи ҳукумати кишвар таъйин […]

Акмал Маннонов, Парвиз Турсунов

Дар макони замоне дӯкону раста ва фурӯшгоҳҳои бозори «Баракат», ки миёни мардум дар пойтахт бо номи «Бозори Путовский» маъруф буд, корҳои сохтмонии марҳилаи аввали бунёди бузургтарин театри миллии Осиёи Марказӣ дар Душанбе идома доранд. Хабарнигорони «Азия-Плюс» аз майдони сохтмон боздид намуда, бо ҷараёни корҳо шинос шуданд.

Фармоишгар ва пудратчии асосӣ аз тарафи ҳукумати кишвар таъйин шудааст, ки онҳо Дирексияи сохтмони назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСП “Сирдарё” мебошанд.

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.