Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сӯхтору фурӯ рехтани қисмате аз бинои маркази тиҷоратии «Пласко» дар пойтахти Эрон ба президенти ин кишвар Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сӯхтору фурӯ рехтани қисмате аз бинои маркази тиҷоратии «Пласко» дар пойтахти Эрон ба президенти ин кишвар Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари фурӯ рехтани бинои маркази тиҷоратӣ дар пойтахти Эрон дар натиҷаи сӯхтор боиси андӯҳи амиқи мо гардид».

«Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти самимии  ин ҷонибро ба    мардуми дӯсти Эрон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил  ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 19 январ дар бинои 17-ошёнаи маркази тиҷоратии «Пласко», воқеъ дар ҷануби пойтахти Эрон сӯхтор сар зада, бар асари он дастикам 30 нафар сӯхторнишонон ҷон бохтанд.

Маркази тиҷоратии «Пласко» нахустин фурӯшгоҳи бисёрошёна дар Теҳрон буд. Бунёди ин фурӯшгоҳ соли 1962 поён ёфта, он замон баландтарин бино дар пойтахти Эрон маҳсуб мешуд. Дар маркази тиҷоратӣ беш аз 400 мағозаву дафтари кори ширкатҳо ҷойгир буд ва масъулони онҳо борҳо аз нақзи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сӯхтор шикоят карда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.