Рӯйпӯш кардани андозҳо дар бисёре аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ

Кумитаи андози Тоҷикистон маълумот нисбат ба ширкати Tcell дар бораи эътирозҳояш оид ба пардохти андозро тасдиқ намуд. Баҳсҳои тарафҳо сари ин масъала аз ҷониби мақомоти суд мавриди баррасӣ қарор дорад. «Ҳақикатан ҳам дар ҷараёни санҷиши мо рӯйпӯш кардани андозҳо аз ҷониби ин ширкат ба маблағи беш аз 155 млн. сомонӣ ошкор шуд», – гуфт зимни […]

Asia-Plus

Кумитаи андози Тоҷикистон маълумот нисбат ба ширкати Tcell дар бораи эътирозҳояш оид ба пардохти андозро тасдиқ намуд. Баҳсҳои тарафҳо сари ин масъала аз ҷониби мақомоти суд мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Ҳақикатан ҳам дар ҷараёни санҷиши мо рӯйпӯш кардани андозҳо аз ҷониби ин ширкат ба маблағи беш аз 155 млн. сомонӣ ошкор шуд», – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода.

Ӯ таъкид дошт, ки зимни санҷишҳои соли гузаштаи Кумита, дар дигар ширкатҳои алоқаи мобилӣ низ далелҳои рӯйпӯш кардани андозҳо ба маблағҳои зиёд ошкор шудаанд.

Ғайр аз ин, ба қавли Давлатзода, дар ширкати «МЛТ» (зери тамғаи «Мегафон») низ Кумита ба маблағи 155 млн. сомонӣ рӯйпӯш шудани андозҳоро ошкор намуда, қисмате аз ин маблағҳо дар ҷараёни баҳсҳои судӣ ва боқимонда баъди содир шудани қарори суд пардохт шудаанд.

«Дар ширкати «Таком» (зери тамғаи «Билайн») ба маблаги 151,3 млн. сомонӣ рӯйпӯш кардани андозҳо ошкор шуда, ҷиҳати ҳаллу фасли ин масъала ба нафъи худ, ширкат тамоми зинаҳои судиро паси сар кард, вале ҳама қарорҳо ба нафъи буҷет содир шуданд, – иброз дошт номбурда. – Ширкат аллакай 80%-и қарз аз андоз ва ҷаримаҳоро пардохта, мо бо раҳбарияти он доир ба давра ба давра пардохт шудани маблағи боқимонда то моҳи март  ба созиш расидем».

Раиси Кумитаи андоз ҳамчунин таъкид кард, ки санҷишҳои ширкатҳои алоқаи мобилӣ ҳамасола дар доираи чорабиниҳои қонунии нақшавӣ гузаронида мешаванд.

«Ширкатҳои хориҷии машғули кор дар Тоҷикистон на ҳамеша комилан бо қонунгузорӣ дар бахши андози ҷумҳурӣ шинос буда, дар ин робита чунин нофаҳмиҳо ба миён меоянд», – изҳори таассуф кард Давлатзода.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дигар ширкати алоқаи мобилӣ – «Вавилон-М» низ ба маблағи 341 млн. сомонӣ ҷарима шуда буд. Ширкат ҳамаи баҳсҳои судӣ бо мақомоти андозро бохт. Айни замон ширкат қисм-қисм қарзҳояш назди Кумита андозро пардохт мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.