Коршинос: ҷангиёни дар Афғонистон шикастхӯрда аз Осиёи Миёна рӯҳафтодаанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Коршиноси тоҷик оид ба масоили Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки боқимондаҳои ҷангиёни созмонҳои террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ва «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар Афғонистон, ки асосашонро зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон ташкил медоданду қаблан аз НАТО ва нерӯҳои амнияти худи Афғонистон шикаст хӯрда буданд, комилан рӯҳафтодаанд.

«Ин гурӯҳҳоро дар Афғонистон кайҳо дигар созмонҳои террористӣ, аз қабили «Давлати исломӣ» ва ҳаракати «Толибон» аз майдон берун карданд», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Қосими Бекмуҳаммад.

Ӯ мутмаин аст, ки ҷангиёни Осиёи Миёна, ки замоне дар Афғонистон паноҳ ёфта буданд, имрӯз дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҷиддӣ саҳме надошта, дастурҳои ҷудогонаи ночизи хоҷагони нави худро иҷро мекунанд.

«Бо итминон метавон гуфт, ки ҷангиёни минтақаи Осиёи Миёна дар Афғонистон қайҳост, ки ҳамчун бозигари мустақил вуҷуд надоранд», – чунин мешуморад коршинос.

Номбурда ҳамчунин мегӯяд, ҳузури намояндагон ва гурӯҳҳои ҷудогонаи созмони «Давлати исломӣ» дар Афғонистону Покистон танҳо ба он хотир аст, ки дар сурати шикасти пурраи Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия, онҳоро барои ақибнишинӣ макони мувофиқе омода кардан лозим аст.

Маълумоти хабаргузории афғонии Tolo News дар бораи аз ҷониби писари собиқ пешвои ҲИӮ Тоҳир Юлдошев ҷалб шудани ҷавонони Афғонистн ба сафҳои «Давлати исломӣ»-ро ӯ зери шубҳа гузошта, зикр кард, ки «агар писари Тоҳир Юлдошев ҳузур дошта бошад ҳам, ӯ дар Афғонистон ҳеҷ нуфузу дастгирӣ надошта, писандида ҳам нест».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...