Пешниҳоди аз 1 август оғоз шудани соли нави хониш

Date:

Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки давраи таҳсил барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ тағйир дода шуда, оғози соли нави хониш аз 1 сентябр ба 1 август гузаронида шавад.

«Дар яке аз суханрониҳо президенти мамлакат тавсия дод, ки ба ҷараёни таҳсил дар мактабҳои миёна тағйирот ворид кардан зарур аст ва мо чунин пешниҳодро таҳия намудем, – гуфтааст директори Пажуҳишгоҳ Шарифмурод Исрофилниё. – Ин пешниҳод танҳо ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дахл дошта, айни замон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар мавриди омӯзиш қарор дорад».

Сухангӯи Вазорати маорифи ва илми ҶТ Эҳсон Хушбахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар кишварҳои саросари ҷаҳон занги аввал дар мактабҳо дар вақтҳои гуногун садо медиҳад, дар яке аз 1 августу дар дигаре аз 1 октябр ва дар баъзе кишварҳо ҳатто аз 1 январ.

«Дар ВАО доир ба норасоии соатҳо дар мактабҳо, аз ҷумла 25%-и соатҳои камбуд барои азхудкунии барномаи таълимӣ сухан рафта буд, – иброз дошт ӯ. – Ин ба музди меҳнати омӯзгорон низ дахл дорад, зеро давоми сол мо 56 рӯз таътил дошта, моҳи август муаллимон маош мегиранд, ҳарчанд дар ин моҳ талабагон таҳсил намекунанд».

Дар ҳамин ҳол, Шарифмурод Исрофилниё дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ дар мавриди ин масъала гуфтааст, барвақттар яъне дар моҳи август оғоз кардани дарсҳо имкон медиҳад, ки барномаи таълимӣ дуруст аз худ карда шавад ва ҳам талабаҳо барои омодагӣ ба имтиҳоноти донишгоҳҳои олӣ фурсати бештар дошта бошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...