Отамбоев: Мо масоили худро худамон ҳал мекунем

Хабаргузории «Озодагон»

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, мегӯяд, президенти ояндаи ин кишварро на Маскав ва на Вашингтон, балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Отамбоев дар суҳбат бо “Euronews” иддаоро, ки Владимир Путин зимни сафараш ба Бишкек номзади хостаи Кремлро ба президентии Қирғизистон муайян хоҳад кард, рад намудааст:

“Ин сафсатаи сиёсатмадорҳоест, ки Қирғизистонро ба ҳолати пойбандӣ расонда буданд, аммо имрӯз кишвар тамоман дигар аст. Қирғизистон аз ҳамаи ҳамсояҳо вобаста буд, онҳо кай, ки мехостанд интиқоли газу барқро қатъ мекарданд, марзҳоро мебастанд. Аммо имрӯз Қирғизистон дигар аст. Президентро на Маскаву на Вашингтон балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд. Бовар кунед ин кишвару ин мардум дигар аст. Мо масоили худро худамон ҳал мекунем”.

Ба гуфтаи Отамбоев ҳадаф аз сафари Путин ба Қирғизистон баррасии ҳамкориҳо мебошад: “Мавзӯъҳо барои баррасӣ зиёд дорем”.

Дар назар аст, ки раисиҷумҳури Русия охири моҳи феврал аз Қирғизистон ва Тоҷикистон боздид кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...