БМТ ба бонкҳо қарзҳои кӯтоҳмуҳлат тариқи музоядаро пешниҳод мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таҷрибаи байнулмилаии ба бонкҳо пешниҳод намудани қарзҳои кӯтоҳмуҳлат тавассути баргузор намудани музоядаҳоро ҷорӣ мекунад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, воситаи нави амалиёти монетарӣ бо мақсади таъмини самаранокии идоракунии сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии амалиётҳо бо пули миллӣ ва ба танзимдарории бозори байнибонкии қарзӣ роҳандозӣ мешавад. «Механизми қарзии мазкур дар асоси принсипҳои […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таҷрибаи байнулмилаии ба бонкҳо пешниҳод намудани қарзҳои кӯтоҳмуҳлат тавассути баргузор намудани музоядаҳоро ҷорӣ мекунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, воситаи нави амалиёти монетарӣ бо мақсади таъмини самаранокии идоракунии сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии амалиётҳо бо пули миллӣ ва ба танзимдарории бозори байнибонкии қарзӣ роҳандозӣ мешавад.

«Механизми қарзии мазкур дар асоси принсипҳои амалиёт дар бозори озод пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлатро тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ дар назар дошта, он барои дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз БМТ тариқи музоядаҳои қарзӣ шароити мусоид фароҳам меорад», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, музоядаҳои қарзии БМТ аз 2 марти соли 2017 шурӯъ гардида, мунтазам ҳар ҳафта тибқи нақша бо муҳлатҳои 14 ва 28 рӯз гузаронида мешаванд. Меъёри ибтидоии (ҳадди ақалли) фоизӣ барои дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ дар сатҳи меъёри бозтамвил ҷамъи ду банди фоизӣ муқаррар карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ба сифати гарави қарз ташкилотҳои қарзӣ метавонанд коғазҳои қиматноки давлатӣ, коғазҳои қиматноки БМТ, асъори хориҷӣ ва амонатҳои дар Бонки миллии Тоҷикистон бударо истифода баранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.