Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар хабаргузории РИА Новости таҳти унвони «Дурнамои рушди ҳамкории Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: иқтисод, амният, бахши гуманитарӣ» мизи гирд доир мегардад, ки ба натиҷаҳои сафари президенти Русия ба Тоҷикистону Қирғизистон бахшида мешавад; – Дар тарабхонаи «Душанбе» бахшида ба ҷашни 8 Март нахустин маҳфили шомгоҳӣ барпо мешавад. Оғоз соати 20-00; – Аз 1 […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар хабаргузории РИА Новости таҳти унвони «Дурнамои рушди ҳамкории Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: иқтисод, амният, бахши гуманитарӣ» мизи гирд доир мегардад, ки ба натиҷаҳои сафари президенти Русия ба Тоҷикистону Қирғизистон бахшида мешавад;

– Дар тарабхонаи «Душанбе» бахшида ба ҷашни 8 Март нахустин маҳфили шомгоҳӣ барпо мешавад. Оғоз соати 20-00;

– Аз 1 март толибаҳо ва занони омӯзгор бо сарулибоси миллӣ ба дарсу кор ҳозир мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9897 сомонӣ;

1 евро – 8.4595 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1362 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1937 – Анҷумани VI-уми Шӯрои ҷумҳурӣ Конститутсияи РСС Тоҷикистонро тасдиқ кард, ки тағйироти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишварро дарбар гирифт.

1967 – Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар бахши илму техника ва ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакиро дар соҳаи адабиёту меъморӣ таъсис доданд.

2008 — Ҳайкали нахустини В.И.Ленин дар Душанбе кӯчонида шуд.

2013 — Дар Тоҷикистон боҷи давлатӣ барои никоҳ бо хориҷиён зиёд карда шуд.

1925 – Зодрӯзи нависандаи халқӣ Қурбоналӣ Раҷаб.

1934 – Мавлуди журналист Худодӯст Олифтаев.

1950 – Зодрӯзи доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов.

1952 – Мавлуди доктори илмҳои техникӣ Самариддин Фазлиддинов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо каме борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4-9, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -19-24, рӯзона -8-13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона 0+5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона каме борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона каме борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +16+18.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +1+3.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.