Ба муштариёни «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» пулҳояшонро баъдтар медиҳанд

Саҳмгузорони «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» воситаҳои пулии худро танҳо баъди таъини маъмурони махсус аз ҷониби суд бозпас гирифта метавонанд. Аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки давоми як моҳ суд бояд маъмурони махсусро таъин кунад. «Айни замон намояндагони таъиншудаи БМТ дар ин бонкҳо то таъини маъмури махсус ба фаъоляти ҷории […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Саҳмгузорони «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» воситаҳои пулии худро танҳо баъди таъини маъмурони махсус аз ҷониби суд бозпас гирифта метавонанд.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки давоми як моҳ суд бояд маъмурони махсусро таъин кунад.

«Айни замон намояндагони таъиншудаи БМТ дар ин бонкҳо то таъини маъмури махсус ба фаъоляти ҷории онҳо, аз қабили қабули воситаҳои қарзӣ, ҳисобу китоби дороиҳо, анҷоми уҳдадориҳо ва ғайра машғул буда, ҳамаи пардохтҳо аз рӯи уҳдадориҳои бонкҳо танҳо баъди таъини маъмури махсус сурат мегиранд», – гуфт ба «Азия-Плюс» Фирӯз Шарипов, маъмури аз ҷониби БМТ таъиншуда дар «Тоҷпромбонк».

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ба ифшои маълумот дар бораи амволи бонк ва уҳдадориҳои он ҳуқуқ надорад.

Тибқи ҳисоботи ахир, ба аввали соли 2016 ҳаҷми умумии дороиҳои «Тоҷпромбонк» беш аз 600 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳояш – ҳудуди 550 млн. сомонӣ, аз ҷумла ҳаҷми амонатҳои гузоштаи он беш аз 200 млн. сомониро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Раёсати БМТ аз 24 феврал иҷозатномаҳои анҷоми фаъолияти бонкии «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонда шуда, худи ҳамин рӯз аз суд бо ариза дар бораи маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо муроҷиат шуд.

Дастрасии ба ин монанд маълумоти марбут ба «Фононбонк» алҳол муяссар нест.

Дар Бонки миллӣ итминон доданд, ки ин бонкҳо ба таври кофӣ дороиҳо дошта, қодиранд, ки ҳамаи қарзҳояшонро баргардонанд.

«Муддати ду ҳафтаи наздик маъмури махсус таъин шуда, ба фурӯши дороиҳои бонкҳо ва баргардонидани воситаҳои пулии саҳмдорон машғул мешавад», – гуфтанд дар БМТ.

Моҳи майи соли гузашта бинобар сабаби мушкилоти молӣ дар «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ шуда, нимаи моҳи декабри идоракунии бонкҳо ба роҳбарони пешинаашон баргардонида шуд.

Ҳукумат эълон кард, ки ба «Тоҷпромбонк» дар ҳаҷми 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» – 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок медиҳад. Пешбинӣ шуда буд, ки дар сурати зарурат бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро ба Бонки миллӣ фурӯхта метавонанд.

Аммо баъдтар маълум шуд, ки бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро нагирифтаанд. Ҳукумат дар навбати аввал бонкҳои нисбатан бузургтари дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро бо коғазҳои қиматнок таъмин кардааст.

Мутобиқи қонунгузорӣ, ҷараёни муфлисшавии ташкилоти қарзӣ метавонад давоми ду сол идома ёбад. Дар ҳолати зарурат, ин муҳлат метавонад аз ҷониби суд боз ба ду соли дигар дароз карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.