Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви СҲИ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раисон ҳарду палатаҳои парлумон, сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Гуфта мешавад, дар […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раисон ҳарду палатаҳои парлумон, сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчиёни Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо ҳамроҳӣ мекунанд.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ – ташкилоти байнидавлатии иқтисодии  минтақавӣ  ба шумор  рафта,  онро  соли  1985  Эрону Покистон ва Туркия бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Созмон таъсис доданд.

Имрӯз Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲИ мебошанд. Котибот ва шуъбаи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон, дафтари иқтисоди он дар Туркия ва дафтари илмии он дар Покистон воқеъ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.