Боз як ҷавонзан худро ба Сирдарё партофт

Ҷавонзани сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кӯшиши худкушӣ карда, худро ба Сирдарё партофт. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса субҳи рӯзи 27-уми феврал рух дода, ҷавонзани 28-сола аз болои пули дарёи Сир худро ба оби сарди он ҳаво додааст. «Дар ин ҳол ба наҷотбахшони Кумита лозим омад худро ба об андозанд […]

Asia-Plus

Ҷавонзани сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кӯшиши худкушӣ карда, худро ба Сирдарё партофт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса субҳи рӯзи 27-уми феврал рух дода, ҷавонзани 28-сола аз болои пули дарёи Сир худро ба оби сарди он ҳаво додааст.

«Дар ин ҳол ба наҷотбахшони Кумита лозим омад худро ба об андозанд ва занро аз чанголи марги иҷборӣ наҷот диҳанд, – омадааст дар маълумот. – Барояш аввалин кӯмаки тиббӣ расонида шуда, вай аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ кард ва айни замон худро солим ҳис мекунад».

Қобили зикр аст, ки соли 2016 дар қаламрави вилояти Суғд 327 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шуд, ки афроди ба ин амалҳо дастзада 159 нафарашон мардон, 168 нафарашон – занон ва 55 нафарашон – ноболиғон мебошанд.

Соли 2014 шумори ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан ё суиқасд ба он – 550 ҳолат ва соли 2015 – ба 624 ҳолат расида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.