Эълони озмун барои интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2017»

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон  ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2017» озмун эълон кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита, шартҳои озмун аз огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ, доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён, ҷисман обутобёфта будан ва дар шароити душвор кор карда тавонистан, донистани […]

Aваз Юлдошев, Asia-Plus

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон  ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2017» озмун эълон кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита, шартҳои озмун аз огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ, доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён, ҷисман обутобёфта будан ва дар шароити душвор кор карда тавонистан, донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират иборат мебошад.

Гуфта мешавад, дар озмун нафарони синнашон то 60-сола иштирок карда метавонанд. Танҳо нафарони ба меъёрҳои зикршуда мувофиқбуда, ба суҳбат даъват карда мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то 31 марти соли 2017 ба Кумита супоранд.

Дар ҳамин ҳол, тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, гуфтушунидҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир ба шумори квотаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавсими ҳаҷи имсола то ҳол идома дорад. Соли гузашта 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати Хона Худо мушарраф гардида буданд.

Чанде қабл дар ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки аъзои комиссия оид ба омодагӣ ба мавсими «Ҳаҷ-2017» ҷаласаи корӣ доир гардида, таъкид шуд, ки мақсади асосии ҳукумати ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи ҳаҷи фарзии соли равон мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.