Дари чанде аз расонаҳо дар Хуҷанд мӯҳр зада шуд

Кормандони Кумитаи андоз дари даҳ расонаи хабарӣ ва бунгоҳҳои иттилоотии нашрияҳои пойтахт дар шаҳри Хуҷандро мӯҳр задаанд. Ин амали худро онҳо чунин маънидод кардаанд, ки ин расонаҳо гӯё андози даромад аз музди меҳнати кормандонашонро пардохт намекардаанд. Ба гуфтаи хабарнигори ғайриштатии «Азия-Плюс» дар вилояти Суғд, намояндаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ, НАНСМИТ) дар […]

Asia-Plus

Кормандони Кумитаи андоз дари даҳ расонаи хабарӣ ва бунгоҳҳои иттилоотии нашрияҳои пойтахт дар шаҳри Хуҷандро мӯҳр задаанд. Ин амали худро онҳо чунин маънидод кардаанд, ки ин расонаҳо гӯё андози даромад аз музди меҳнати кормандонашонро пардохт намекардаанд.

Ба гуфтаи хабарнигори ғайриштатии «Азия-Плюс» дар вилояти Суғд, намояндаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ, НАНСМИТ) дар Хуҷанд Мавлуда Рофиева, кормандони мақомоти надоз изҳор доштаанд, ки хабарнигорони нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар Хуҷанд бояд андозро на дар пойтахт, балки дар макони зисташон пардохт кунанд. Дарҳои ин расонаҳо айни замон бастаанд.

Роҳбари АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев изҳор намудааст, ки дар мавриди ин масъала изҳороти махсус омода мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ 312 матбаа, 376 газета, 319 маҷалла, 10 агентии иттилоотӣ ва 71 нашрия расман ба қайд гирифта шудааст, ки аксари онҳо хусусӣ  мебошанд.

Қобили зикр аст, ки имсол Тоҷикистон дар рейтинги байнулмилалии озодии матбуот 34 зина поин рафта, мақоми 150-умро ишғол кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.