Боздошти журналист Худобердӣ Нурматов дар Маскав бо дархости Тошканд

Мақомоти пулиси шаҳри Маскави Русия хабарнигори ғайриштатии нашрияи "Новая газета" Худобердӣ Нурматовро боздошт кард, ки бо имзои Алӣ Фирӯз мавод таҳия мекард. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Дмитрий Муратов, сармуҳаррири нашрияи "Новая газета" нақл кардааст, ки Нурматов бо дархости мақомоти ӯзбек боздошт шудааст. "Вай аз сӯи пулис боздошт шуд, аммо на бо […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти пулиси шаҳри Маскави Русия хабарнигори ғайриштатии нашрияи "Новая газета" Худобердӣ Нурматовро боздошт кард, ки бо имзои Алӣ Фирӯз мавод таҳия мекард.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Дмитрий Муратов, сармуҳаррири нашрияи "Новая газета" нақл кардааст, ки Нурматов бо дархости мақомоти ӯзбек боздошт шудааст.

"Вай аз сӯи пулис боздошт шуд, аммо на бо ташаббуси худи пулис. Мақомоти махсуси Ӯзбекистон нисбати Нурматов даъво доштанд. Худи Нурматов иҷборан аз кишвараш фирор карда буд. Вай борҳо барои дарёфти ҳаққи истиқомати муваққат ба хадамоти муҳоҷирати Русия ариза дода буд", – иброз доштааст Муратов.

Гуфта мешавад, Надежда Прусенкова, сухангӯи нашрия тасдиқ намудааст, ки рӯзноманигори ӯзбек бо "ҳуҷҷатҳояш мушкил дошта, аз Русия паноҳандагӣ дархост карда будааст, аммо ҷавоби рад гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки сармуҳаррири нашрия изҳор доштааст, ки барои пешгирӣ аз истирдоди Нурматов ба Ӯзбекистон вакили дифоъ киро кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.