Сипоси Душанбе ба Тошканд барои дастгирӣ ва кумак

Ҳукуматдорони Тоҷикистон барои кумаки башардӯстона, ки аввали моҳи март ба Тоҷикистони аз офатҳои табиӣ осебдида расонида шуд, ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ миннатдорӣ изҳор намуданд. Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки ба сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Душанбе аз номи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукуматдорони Тоҷикистон барои кумаки башардӯстона, ки аввали моҳи март ба Тоҷикистони аз офатҳои табиӣ осебдида расонида шуд, ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ миннатдорӣ изҳор намуданд.

Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки ба сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Душанбе аз номи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода дар ин хусус мактуб расидааст.

Гуфта мешавад, дар нома Рустам Назарзода изҳор доштааст, ки : «Мардуми Тоҷикистон ба ҳамраъйӣ ва дастгирӣ дар чунин шароит баҳои баланд медиҳад. Кумаки расида натанҳо арзишҳои моддии зарурӣ, балки пеш аз ҳама, дастгирии назарраси маънавии халқи дӯсту бародар мебошад, ки риштаҳои чандинсолаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ моро ба ҳам мепайвандад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.