Шӯрои уламо мухолифи ҷашни Наврӯз нест

Маркази исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҷашни Наврӯз ба ислом иртибот надошта, аз ин рӯ, талаботи шариатро вайрон намекунад. Дар бахши «Саволу ҷавоб»-и сомонаи Шӯрои уламо яке аз корбарон бо номи Исфандиёр савол додааст, ки «агар рафту яке аз рӯзҳои наврӯзӣ таоми хосси баҳорӣ пухта, бо омадани Наврӯз мардумро ҷамъ карда таом диҳӣ, […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Маркази исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҷашни Наврӯз ба ислом иртибот надошта, аз ин рӯ, талаботи шариатро вайрон намекунад.

Дар бахши «Саволу ҷавоб»-и сомонаи Шӯрои уламо яке аз корбарон бо номи Исфандиёр савол додааст, ки «агар рафту яке аз рӯзҳои наврӯзӣ таоми хосси баҳорӣ пухта, бо омадани Наврӯз мардумро ҷамъ карда таом диҳӣ, пас дар ин маврид шариат чӣ мегӯяд?»

Шӯрои уламо чунин посух додааст: «Ҷашни Наврӯз ба ягон адёни осмонӣ рабт надорад, дар шароити феълӣ Наврӯз ба ҳайси иди баҳор ва оғози мавсими киштукор дар тамоми кураи хокӣ истиқбол гирифта мешавад. Агар шумо ҳиммати хайрхоҳӣ дошта бошед, дар чунин рӯзҳо таомҳои гуногун омода карда, ба ятимону маъюбон расонед, бисёр кори хайр мешавад. Чунки Шариати Ислом тарафдори корҳои хайр аст ва кори хайр исроф надорад. Масале ҳаст, ки “дар хайр исроф нест ва дар исроф хайр нест”.

Рӯҳонии маъурфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода қаблан ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки ходимони дин бояд ҳатман идҳои мусалмонӣ – Иди Қурбон ва Иди Рамазонро аз ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз фарқ кунанд ва ҷашни идҳои миллӣ аз лиҳози шариат ҳеҷ бадие надорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ҷашни Наврӯз одамон баъзан маросимҳои динӣ доир мекунанд, ки ба қоидаҳои ислом созгор нест.

«Ҷашни Наврӯз барои оилаи мо анъанаи ҳамасола аст, зеро ин таърих ва расму оини мардуми мост, ки ба он ояд арҷ гузорем», – зикр карда буд Тӯраҷонзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...