Тазоҳуроти зиддифасод дар Русия: садҳо боздоштшудагон, аз ҷумла Навалний

Дар як қатор шаҳрҳои Русия рӯзи 26 март тазоҳуроти зиддикоррупсионӣ баргузор шуда, дар онҳо аз даҳҳо то чанд ҳазор нафар иштирок доштанд. Мардум ҳатто дар шаҳрҳое низ тазоҳурот карданд, ки мақомот иҷозат надода буданд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар Москва тазоҳуроти худсарона дар шакли қадамзанӣ баргузор шуда, бино ба хабарҳо, дар […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Дар як қатор шаҳрҳои Русия рӯзи 26 март тазоҳуроти зиддикоррупсионӣ баргузор шуда, дар онҳо аз даҳҳо то чанд ҳазор нафар иштирок доштанд. Мардум ҳатто дар шаҳрҳое низ тазоҳурот карданд, ки мақомот иҷозат надода буданд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, дар Москва тазоҳуроти худсарона дар шакли қадамзанӣ баргузор шуда, бино ба хабарҳо, дар он аз 8 то 20 ҳазор одам иштирок дошт. Пулис зидди фаъолон аз нерӯ кор гирифта, садҳо иштирокчии тазоҳуротро боздошт кард.

Гуфта мешавад, миёни боздоштшудаҳо дар пойтахти Русия мухолифи машҳури Кремл Алексей Навалний низ ҳаст. Ӯ то содир шудани қарори додгоҳ дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Кормандони Бунёди мубориза бо фасод, ки рафти тазоҳуротро дар саросари Русия ба таври мустақим дар интернет нишон медоданд, низ ба шуъбаи пулис интиқол ёфтаанд.

Ба иттилои манбаъ, коргоҳи бунёди мазкур дар доираи парвандае бо моддаи "Барангехтани адоват ё кина" кофтукоб шудааст.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин пулис барои баргузор кардани тазоҳурот дар Петербург, Тула, Краснодар, Нижний Новгород, Южно-Сахалинск, Тамбов, Самара, Хабаровск, Екатеринбург, Липетск ва як қатор шаҳрҳои дигари Русия монеа эҷод кардааст.

Қайд мешавад, ки Алексей Навалний аз ҷонибдорони худ даъват кардааст, то дар тазоҳуротҳои зиддикоррупсионии марбут ба фасодкории эҳтимолии сарвазири Русия Дмитрий Медведев иштирок кунанд. Худи сарвазир Медведев то ба ҳол ба ин айбҳо вокуниш нишон надодааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Reuters, ИМА боздошти садҳо нафар тазоҳургарон дар Русияро маҳкум намуда, ин амалро «таҳқири арзишҳои демократӣ» номидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.