Афсари Қушӯнҳои сарҳадӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Афсари қисми ҳарбии 2747 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ёрибек Саидов мутобиқи модадҳои 250 (Тамаъҷӯӣ) ва 391 (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Судя Ҳотам Раҷабзода зимни мурофиаи изҳор дошт, ки дар мавриди айбдории афсар оид ба истифодаи шиканҷа нисбати сарбози ҳалокшуда далелҳо пешниҳод нашудаанд ва […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Афсари қисми ҳарбии 2747 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ёрибек Саидов мутобиқи модадҳои 250 (Тамаъҷӯӣ) ва 391 (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Судя Ҳотам Раҷабзода зимни мурофиаи изҳор дошт, ки дар мавриди айбдории афсар оид ба истифодаи шиканҷа нисбати сарбози ҳалокшуда далелҳо пешниҳод нашудаанд ва аз ин рӯ, ин модда аз айбдории ӯ хориҷ карда шудааст.

Дар сухани ниҳоии худ Ёрибек Саидов изҳор намуд, ки худро ганҳкор эътироф намекунад ва ба ҳодисаи марги сарбоз Ҷаҳонгир Қурбонов, ки ба худкушӣ даст зад, ҳеҷ муносибате надорад.

Дар ҳамин ҳол, модари маҳкумшуда Сангина Саидҷонова қайд кард, ки писараш дар худкушии сарбоз гунаҳкор нест.

Волидони сарбози ҳалокшуда аз ҳукми суд норозӣ буда, аз болои он ба зинаҳои таҷдиди назар шикоят бурданианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.