Бохти Тоҷикистон дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2019

Date:

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи “F” дар пойтахт Қатар – Доҳа аз тими миллии Яман бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳисоби бозиро дар дақиқаи 9-ум нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев кушода, дар дақиқаи 41-уми бозӣ ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Эргашев бо ворид намудани тӯб ба дарвозаи худ ҳисобро баробар кард.

Гуфта мешавад, дар дақиқаи 63-юми қисми дуюми вохӯрӣ футболбози дастаи Яман Ала Муҳаммад Абдулло Ал-Сасӣ боз як тӯбро ба ҳадаф расонида, ҳисоби бозӣ дигар бидуни тағйир –  2 бар 1 ба фоидаи тими мунтахаби Яман ба анҷом расид.

Ба иттилои манбаъ, дар бозии дигари гурӯҳи “F” дастаи мунтахаби Филиппин дар майдони худ бо ҳисоби калони 4 бар 1 дастаи Непалро шикаст дод. Бозии навбатии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 рӯзи 13 июн дар Душанбе бо тими Филиппин доир мегардад.

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

 

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

1

1

0

0

4-1

3

2

Яман

1

1

0

0

2-1

3

3

Тоҷикистон

1

0

0

1

1-2

0

4

Непал

1

0

0

1

1-4

0

Ёдрас мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста  имсол дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд.

Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...